“Қорӣ-Ишкамба” дар ҷашнвораи байнулмилалии Русия ҷоиза гирифт

Намоиши “Қорӣ-Ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин Ҷашнвораи байнулмилалии театрии “Северные встречи” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ” гардид. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон намоишҳоро аз рӯйи якчанд номинатсияҳо баҳогузорӣ намуда, ҳунарпешагони тоҷикро “ситораҳои фестивал” […]

Намоиши “Қорӣ-Ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин Ҷашнвораи байнулмилалии театрии “Северные встречи” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ” гардид.

Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон намоишҳоро аз рӯйи якчанд номинатсияҳо баҳогузорӣ намуда, ҳунарпешагони тоҷикро “ситораҳои фестивал” унвон карданд.

“Чаҳор коршинос намоиши моро хуб таҳлил карда, ба он баҳои баланд доданд. Ин намоише буд, ки мунаққидони театр, коршиносон ва бинандагони одӣ аз тамошои он розӣ буданд. Дар ин фестивал ҳамчунин маҳсули эҷоди театрҳои русиягӣ ва хориҷӣ низ пешниҳод шуданд. Аз ҳама баҳои баланд насиби театри шаҳри Конибодом шуд. Моро “ситораҳои фестивал” ва “бачаҳои Тоҷикистонӣ” номиданд”, – мегӯяд Фарҳод Ғаффорпур.

Ҷашнвораи мазкур бо сарпарастии ЮНЕСКО рӯзҳои 24-27 октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар давоми чаҳор рӯз 11 намоиш аз Тоҷикистон, Фаронса, Ҳиндустон ва минтақаҳои гуногуни Русия пешкаши бинандагону ҳакамон гардид.

Эҷодкорони театри Конибодом бо роҳбарии Ғайрат Қодиров ба ин ҷашновра намоиши “Қорӣ Ишкамба”-ро бурданд. Он аз рӯйи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” ба саҳна гузошта шуда, коргардонаш Муҳиддин Музаффар аст.

Қобили зикр аст, ки ин намоиш дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” соҳиби ҷойи аввал гардида буд. Дар хориҷ аз кишвар бори аввал ин намоиш дар ҳамоиши театрҳои хиёбонӣ дар Қирғизистон иштирок кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.