Рӯзи шанбе шимоли Тоҷикистон бе барқ мемонад

Интиқоли барқ ба вилояти Суғд ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе, 2-юми ноябр маҳдуд мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ШСХК “Барқи тоҷик” хабар доданд, ин маҳдудият аз сабаби гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар хатҳои баландшиддати Регар (500) – Душанбе (500)», «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи «Душанбе (500)» ҷорӣ мешавад. Интиқоли барқ аз соати 10:00 то 15:00 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Интиқоли барқ ба вилояти Суғд ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе, 2-юми ноябр маҳдуд мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ШСХК “Барқи тоҷик” хабар доданд, ин маҳдудият аз сабаби гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар хатҳои баландшиддати Регар (500) – Душанбе (500)», «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи «Душанбе (500)» ҷорӣ мешавад. Интиқоли барқ аз соати 10:00 то 15:00 қатъ мегардад.

Дар ширкат зикр карданд, ки корҳои мазкур дар доираи омодагӣ ба мавсими зимистон гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин фосилаи вақт иншооти ҳаётан муҳим тариқи хатҳои эҳтиётӣ бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

“Барқи тоҷик” сабаби қатъи интиқоли барқро тайи моҳи охир дар кишвар ба гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста медонад, ки барои гузаштан ба реҷаи мавсими зимистон ногузир аст.

“Ин корҳо барои мутобиқ кардани низоми электроэнержӣ ба мавсими зимистон лозиманд. Аммо онҳо вақти зиёд нагирифта, ба наздикӣ анҷом меёбанд”, – гуфт манбаъ.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи ҷорӣ кардани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ қотеъона рад мекунанд. “Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Барои таъмини пурраи кишвар бо барқ мо айни замон иқтидори зарурӣ дорем”, – илова карданд дар ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?