Ҳалокати кӯчарӯб бар асари афтодан ба чоҳи лӯлаи об

Тақрибан соати 8:10-и субҳи имрӯз дар кӯчаи Маяковский як кӯчарӯб ба ҷуқурии барои гузаронидани қубурҳо кофташуда афтода, аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуд. Ин маълумотро дар Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс”тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки зани кӯчарӯб 32-сола будааст. “Ба мо аз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) занг зада, хабар доданд, ки субҳ зан аз беэҳтиётӣ ҳангоми […]

Тақрибан соати 8:10-и субҳи имрӯз дар кӯчаи Маяковский як кӯчарӯб ба ҷуқурии барои гузаронидани қубурҳо кофташуда афтода, аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуд.

Ин маълумотро дар Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс”тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки зани кӯчарӯб 32-сола будааст.

“Ба мо аз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) занг зада, хабар доданд, ки субҳ зан аз беэҳтиётӣ ҳангоми рӯфтани роҳ ба ҷуқурӣ афтода, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дигар маълумот надорем”, – гуфтанд дар ШВКД.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр кард, ки дар қаламрави мазкур корҳои сохтмон, ҳамчунин ивази қубурҳо ҷараён доранд.

Нашрияи “Фараж” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кӯчарӯб Нигора Каримова ном дошта, соли таввалудаш 1987 мебошад.

“Номбурда ба чоҳи лӯлаҳои интиқоли оби гарм афтодааст. Зоҳиран, сарпӯши ин чоҳ пӯшида набудааст, ки зан ба он афтодааст”, – менависад нашрия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.