Дастури вазири нақлиёт барои омодагӣ ба мавсими сармо

Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки нисбат ба солҳои гузашта зимистони имсола нисбатан сард мешавад. Аз ин рӯ, ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри омодагии пурра ба мавсими сармо камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, ҳафтаи равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода оид ба омодагӣ ба зимистон […]

Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки нисбат ба солҳои гузашта зимистони имсола нисбатан сард мешавад. Аз ин рӯ, ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри омодагии пурра ба мавсими сармо камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, ҳафтаи равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода оид ба омодагӣ ба зимистон ҷаласа баргузор гардид.

Худоёрзода қайд кард, ки ҳолати роҳҳо дар тамоми фасли сол, аз ҷумла, дар фасли зимистон маҳз ба корхонаҳои нақлиётӣ, хусусан, ба ронандаҳо вобастагӣ дорад.

“Бисёр вақт аз сабаби пурборӣ ва омода набудан васоити нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо аз кор монда, роҳҳоро маҳкам мекунанд”, – гуфт ӯ.

Вазир ба масъулини ширкатҳо ва муассисоти нақлиётӣ дастур дод, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кунанд.

“Корхонаю муассисаҳои нақлиёти автомобилиро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, алалхусус, мусофирбарро дар ҳолати омодабош қарор дода, лавозимоти зарурӣ барои ҳаракат дар роҳҳои нақлиётиро ҳангоми боридани барфу борон таъмин кунанд”, – гуфт ӯ.

Таъкид шуд, ки яке аз талаботи асосӣ барои омодабошии воситаи нақлиёт ба фасли зимистон саривақт иваз кардани резинаи чархҳои мошин аз намуди тобистона ба зимистона мебошад.

Ғайр аз ин, дар фасли зимистон воситаи нақлиёт бояд дорои лавозимоти зарурӣ бошад, аз ҷумла, лавозимот барои аз барф тоза кардани воситаи нақлиёт (шётка), яхканак (скребок), белча, занҷир барои чархҳо, такягоҳи зиддиҷаршавӣ ва симтоб (трос).

Ҳамчунин санҷиши дурустии кори радиатор барои таъмини гармӣ дар дохили воситаи нақлиёт (салон), ҳолати коршоямии аккумулятор ва дигар лавозимоти барои воситаи нақлиёт зарур тавсия дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.