Рӯзи шанбе шимоли Тоҷикистон бе барқ мемонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Интиқоли барқ ба вилояти Суғд ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе, 2-юми ноябр маҳдуд мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ШСХК “Барқи тоҷик” хабар доданд, ин маҳдудият аз сабаби гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар хатҳои баландшиддати Регар (500) – Душанбе (500)», «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи «Душанбе (500)» ҷорӣ мешавад. Интиқоли барқ аз соати 10:00 то 15:00 қатъ мегардад.

Дар ширкат зикр карданд, ки корҳои мазкур дар доираи омодагӣ ба мавсими зимистон гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин фосилаи вақт иншооти ҳаётан муҳим тариқи хатҳои эҳтиётӣ бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

“Барқи тоҷик” сабаби қатъи интиқоли барқро тайи моҳи охир дар кишвар ба гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста медонад, ки барои гузаштан ба реҷаи мавсими зимистон ногузир аст.

“Ин корҳо барои мутобиқ кардани низоми электроэнержӣ ба мавсими зимистон лозиманд. Аммо онҳо вақти зиёд нагирифта, ба наздикӣ анҷом меёбанд”, – гуфт манбаъ.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи ҷорӣ кардани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ қотеъона рад мекунанд. “Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Барои таъмини пурраи кишвар бо барқ мо айни замон иқтидори зарурӣ дорем”, – илова карданд дар ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...