Машварати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои омодагӣ ба зимистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон барои омодагӣ ба зимистон якчанд маслиҳати муфид пешниҳод кардааст. Инак, зимистон ҳам наздик омада, аз ҳоло сардиҳои онро эҳсос мекунем. Омодагӣ ба он яке аз шартҳои асосии ба хушӣ ва бе беморӣ пушти сар гузоштани фасли сармо аст. Пас, чӣ бояд кард? Мо […]

admin

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон барои омодагӣ ба зимистон якчанд маслиҳати муфид пешниҳод кардааст.

Инак, зимистон ҳам наздик омада, аз ҳоло сардиҳои онро эҳсос мекунем. Омодагӣ ба он яке аз шартҳои асосии ба хушӣ ва бе беморӣ пушти сар гузоштани фасли сармо аст. Пас, чӣ бояд кард? Мо аксар вақт аз сатҳи хидматрасониҳои комуналӣ қаноатманд нестем. Бахусус, дар ин шабу рӯз, ки баъзан моҳҳову солҳо хидматрасонии комуналиро аслан намебинем. Оё умед ба каси дигар баста мешавад, дар ҳоле ки худи мо барои хонаву дари худ метавонем корҳои зиёдеро анҷом диҳем.

Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки мо куллан омода ба истиқболи зимистонем. Вале дар асл ин танҳо як фиреби назар аст. Агар ба хонаву макони зисти худ бо диққат назар андозем, шояд даҳҳо камбудиро мебинем, ки дар аввал ба чашм намерасанд. Бо назардошти ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ тасмим гирифт, аз тариқи сомонаи худ маҷозан дар хонаҳои шумо ҳузур ёфта, якҷо бо шумо он камбудиҳоро биҷӯяд ва барои ислоҳи вазъ кумаки машваратии худро дареғ надорад.

Машварати аввал: Хонаҳоро тоза мекунем

Ба истиқболи зимистон бояд манзили зисти худро тоза кунем. Ин поксозӣ танҳо аз тоза кардани тирезаҳо иборат нест, ки шумо ин корро доим мекунед. Тирезаҳоро шумо дар сармо дигар намешӯед ва сабабҳои ин маълуманд. Аммо барқарории низом ҳамеша муфид аст.

Аввалан, поккории умумӣ ва сартосарӣ ҳеч вақт зарар надорад ва дар оғози зимистон ин беш аз ҳар вақти дигар зарур аст. 

Аз сӯйи дигар ҳоло мешавад бе мушкил дару тирезаҳоро боз ва ҳаворо тоза кард. Берун бурдани партовҳо низ мушкиле надорад. Агар дар остонаи сармо ин корҳоро анҷом надиҳед, тӯли чанд моҳи оянда дар иҳотаи партову гарду чанг хоҳед монд. 

Дар поккории арафаи зимистон шустану тоза кардани тирезаҳо муфид аст. Зеро дертар шумо ин корро анҷом дода наметавонед, чун баробари боз кардани тиреза ҳавои сард вориди хонаи шумо мешавад.

Қолине, ки зимистонро шумо болои он мегузаронед, низ бояд тоза карда шавад. Маҳз ҳамин қолин ҷамъоварандаи хоку лойи зимистон буда, он гарду чангро ҳатто нерӯмандтарин чангкашак ҳам кашида наметавонад.

Машварати дуюм: Хонаҳоро гарм мекунем

Албатта, дар арафаи зимистон чизи аз ҳама муҳим талош барои гарм нигоҳ доштани хонаҳост. Омода кардани манзил ба зимистон мисли он аст, ки барои гарм нигоҳ доштани бадани худ мо либосҳои арзандаву лоиқро интихоб мекунем. 

Аввалан, шумо бояд худи ҳуҷраро гарм кунед. Ҷойҳоеро, ки гармӣ аз он хориҷ мешавад, бояд пайдо намоед, зеро аз тарқишҳо, ҳатто агар онҳо чандон калон ҳам набошанд, сардӣ ба хона медарояд. Шумо ба чаҳорчӯбаи тиреза диққат диҳед. Инчунин дари даромадро санҷед. Оре, шояд дуруст меандешед, ки даромадгоҳ мисли кӯча хунук нест, вале бояд донед, ки аз он сардии бештар ба хонаи шумо ворид мешавад. 

Дар ин ҳол ҳама ҷойҳоеро бисанҷед, ки воситаҳои иртибот аз он ворид шудаанд, ба мисли симҳои мавҷгири телевизион ва ғайра. Маъмулан шикофҳое дар он боқӣ мемонанд, ки роҳи вуруди сардӣ ба хонаи шумо хоҳанд шуд

Машварати сеюм: Таъмир мекунем

Мушкилоту камбудиҳое, ки дар боло аз онҳо ёд кардем, ба таъмиру тармими зиёд ва бузург ниёз надоранд. Он сӯроху тарқишҳоро ҳатто бе даъвати усто худи шумо метавонед бандед ва роҳи вуруди сардӣ ба хонаатонро дар фасли гармо масдуд созед. Аммо дар ин миён баъзе мушкилиҳое ҳам ҳастанд, ки шояд ба даъват кардани усто ниёз бошад. 

Пеш аз ҳама, ин ба гармкунии деворҳо, сақф ва фарши хона дахл дорад. Агар шумо дар ошёнаи якум зиндагӣ дошта бошед, дар ин сурат барои шумо лозим меояд, фарши ханаатонро гарм кунед. Ягон хел қолинандозӣ пеши роҳи сарморо гирифта наметавонад, бинобар ин, роҳи ягона гарм кардани фарш аст. Мантиқан ин ба сақфи хона ҳам дахл дорад. Агар шумо дар ошёнаи аз ҳама баланд зиндагонӣ мекунед, пас, бояд ғами сақфи хонаро ҳам худатон хӯред.

Аммо ягон хона аз сардии девор эмин нест. Кулли хонаҳои мо дар фасли зимистон деворҳои сард доранд. Ҳатман яке аз деворҳои хонаи шумо рӯ ба кӯча аст ва агар як девор чунин аст, чандон даҳшатнок ҳам нест, метавон илоҷи онро ёфт. Вале агар шумо дар хонаҳои кунҷӣ ҳаёт ба сар мебаред, пас, ин хонаҳо маъмулан ду ё се девори рӯ ба берун доранд. Дар ин ҳол бояд шумо ғами гарм кардани ин деворҳоро бештар хӯред.

Ҳамзамон асбобҳои барқии худро аз назар мегузаронем. Хатҳои интиқоли барқ ва дигар гӯшаҳое, ки моро водор мекунанд, бухориҳои барқии худро ба онҳо васл кунем, бояд аз нигоҳи бехатарӣ хуб санҷида шаванд. Маъмулан, дар фасли зимистон аҳолӣ дар шаҳр бештар аз қувваи барқ истифода мекунад ва розеткаҳои мо баъзан тавони бардошти бухориҳои барқии пурқудратро надоранд. Инро бояд ба ҳисоб гирифт.

Ва нуктаи дигар: баъзан таъмири бахше аз хона зарур меояд, ки дар назари аввал гумон мекунед, чандон аҳамияте ба гарм кардани он нест. Аз ҷумла, ваннаю ҳоҷатхона. Гап сари он ки таъмири хона дар фасли зимистон имкон надорад. Агир шумо ба хотири роҳандозии корҳои таъмир ҳаракати об дар қубурҳоро қатъ кунед, ин боиси норозигии ҳамсояҳо мешавад. Агар об доим дар гардиш набошад, дар қубурҳо оби истода дар фосилаи вақти таъмири шумо ях мебанданд. 

Набояд фаромӯш кард, ки гарм кардани манзил танҳо фароҳам овардани шароити хуби зист нест, балки ғамхорӣ ба саломатии шумост. Агар ҳарорати ҳаво дар хона муътадил бошад, сирояти бемориҳо камтар мешавад ва шумо барои муолиҷа аз буҷаи хонавода пул ҷудо мекунед. Ҳатто худи фароҳам овардани шароити мусоид боис мешавад, ки оила дар гарм кардани хона маблағи камтар масраф кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.