Ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд

Бо вуҷуди ҳамлаи мусаллаҳона ба сарҳадбонони тоҷик, Ӯзбекистон барои равуои шаҳрвандон дар ҳамаи 17 постгоҳи назоратӣ, ки дар сарҳади ду кишвар ҷойгиранд, маҳдудият ҷорӣ накард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Ӯзбекистон пас аз ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, воқеъ дар марзи ду кишвар, мудом бо ҳамтоҳои тоҷики […]

Аваз Юлдошев

Бо вуҷуди ҳамлаи мусаллаҳона ба сарҳадбонони тоҷик, Ӯзбекистон барои равуои шаҳрвандон дар ҳамаи 17 постгоҳи назоратӣ, ки дар сарҳади ду кишвар ҷойгиранд, маҳдудият ҷорӣ накард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Ӯзбекистон пас аз ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, воқеъ дар марзи ду кишвар, мудом бо ҳамтоҳои тоҷики худ дар робита аст.

Ҷониби Тоҷикистон хабар дод, ки Ӯзбекистон посбонии хати сарҳади худ бо Тоҷикистон ва Афғонистонро тақвият бахшид.

“Пурзӯр шудани реҷаи посбонии сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ба равуои шаҳрвандон тариқи гузаргоҳҳои назоратӣ таъсир намерасонад: онҳо бо реҷаи муқаррарӣ аз марз мегузаранд”, – таъкид дошт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.