Нигаронии Бишкек аз ҳамлаи мусаллаҳона ба сарҳадбонони тоҷик

Рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр гуфтугӯйи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд. Тавре хадамоти матбуоти Идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Чингиз Айдарбеков дар робита ба ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асари он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳалок […]

Рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр гуфтугӯйи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд.

Тавре хадамоти матбуоти Идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Чингиз Айдарбеков дар робита ба ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асари он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳалок шуданд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар маълумоти нашршуда гуфта мешавад, ки ҷониби Қирғизистон чунин амалҳоро маҳкум карда, ба талошҳои муштараки давлатҳои минтақа баҳри таъмини амнияти минтақавӣ дастгирии қавии худро изҳор медорад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба аҳли оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин айни замон шомили ҳайатест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Аврупо ҳамроҳӣ мекунад,.

Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар Берн бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария И. Кассис вохӯрдааст. Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ ва дурнамои рушди онҳо баррасӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.