Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи муқаррарии адои хизмат гузаронида шуданд

Дар робита ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки субҳи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба адои хизмат даъват гардиданд, охири рӯз ба реҷаи муқаррарии фаъолият гузаронида шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, бо вуҷуди рӯзи иду истироҳат, тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии […]

Дар робита ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки субҳи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба адои хизмат даъват гардиданд, охири рӯз ба реҷаи муқаррарии фаъолият гузаронида шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, бо вуҷуди рӯзи иду истироҳат, тамоми ҳайати шахсии сохторҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо бонги хатар ба кор баромаданд.

Дар ҳамаи роҳҳо аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ба самти Душанбе постгоҳҳои назоратии кормандони мусаллаҳи сохторҳои қудратӣ гузошта шуданд. Дар постгоҳҳо мошинҳои равонаи пойтахт ба таври дақиқ тафтиш мешуданд.

Аммо қарибиҳои бегоҳи рӯзи 6-уми ноябр постгоҳҳои назоратӣ ва посбонони мусаллаҳ аз кӯчаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон баргирифта шуданд. Ба афсарони бо бонги хатар ҳозиршуда иҷоза доданд, ки ба хонаҳояшон раванд.

Ба иттилои манбаъ, аз субҳи 7-уми ноябр ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.