Собиқадори амният: фарзияи ҳамлаи ДОИШ ба дидбонгоҳ шубҳанок аст

Собиқадор аз он изҳори таҷҷуб мекунад, ки чӣ гуна гурӯҳи иборат аз 20 нафар ҷангиёни “Давлати исломӣ” ноаён сарҳади давлатии Афғонистон бо Тоҷикистонро гузашта, ба даруни қаламрави кишвар ворид шудааст. Собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров бовар надорад, ки рӯзи 6-уми ноябр маҳз ҷангиёни “Давлати исломӣ” (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба дидбонгоҳи […]

Собиқадор аз он изҳори таҷҷуб мекунад, ки чӣ гуна гурӯҳи иборат аз 20 нафар ҷангиёни “Давлати исломӣ” ноаён сарҳади давлатии Афғонистон бо Тоҷикистонро гузашта, ба даруни қаламрави кишвар ворид шудааст.

Собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров бовар надорад, ки рӯзи 6-уми ноябр маҳз ҷангиёни “Давлати исломӣ” (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла кардаанд.

“Шубҳаовар аст, ки гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” иборат аз 20 нафар пинҳонӣ тариқи сарҳади давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон гузашта бошанд ва ғайриимкон аст, ки онҳо дар муддати се рӯз ноаён қариб 200 километр масофаро аз Қубодиён то ноҳияи Рӯдакӣ тай кардаанд ва ба пойтахт наздик шудаанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амнияти давлатӣ.

Ӯ ҳамчунин далели дар фурсати кӯтоҳ нобуд кардани аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаро зери шубҳа гузошт.

“Ҳамлаи ҷангиён ногаҳонӣ буд ва онҳо аз ин истифода накарда наметавонистанд. Ба ҷуз ин, маълум аст, ки ҷангиёни “Давлати исломӣ” наметавонанд ба ин тарз ноуҳдабароёна ҳуҷумеро ташкил кунанд, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳ онро саркӯб созанд”, – мегӯяд коршинос.

Ин полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки эҳтимол гурӯҳи безараршуда аз шаҳрвандони рӯҳияи террористӣ ва ифротидоштаи Тоҷикистон иборат буд.

“Шояд онҳо ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар роҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳуҷум кардаанд. Ба ин ҳаракат кардани онҳо дар автомашинаҳои дорои рақамҳои давлатии Душанбе шаҳодат медиҳад”, – афзуд коршинос.

Ӯ мутмаин аст, “ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ифротгароёни корноозмудае ҳамла кардаанд, ки нияти пайвастан ба созмонҳои террористӣ дар Афғонистонро доштанд”.

Шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ин ҳамла аз ҷониби ҷангиёни “Давлати исломӣ”, ки аз Афғонистон омадаанд, сурат пазируфт.

Дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ фавтида, 15 тан аз ҷангиён безарар гардонида шуданд. КДАМ аз боздошти 5 нафари зиндамонда ва бозпурсии онҳо хабар дод.

Аммо дар торнамои Вазорати корҳои дохилии ҶТ шумори дастгиршудагон 4 нафар навишта шудааст. Ҳамчунин дар торнамои ВКД рӯзи 6-уми ноябр аксҳо аз натиҷаҳои амалиёти махсус нашр гардида, баъдан ҳазф карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.