Раиси КДАМ ба Тошканд рафт

Дар шаҳри Тошканд ӯ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои ИДМ масъалаи таъсири вазъи ҳарбиву сиёсии шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов имрӯз дар шаҳри Тошканд дар кори ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад. ВАО бо истинод ба […]

Дар шаҳри Тошканд ӯ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои ИДМ масъалаи таъсири вазъи ҳарбиву сиёсии шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов имрӯз дар шаҳри Тошканд дар кори ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад.

ВАО бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федералии амнияти Русия хабар медиҳанд, ки ҷаласа ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бахшида шудаааст.

Дар он андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати муқовимат ба кӯшишҳои ҷалби ҷангиён ва пешгирии вуруди тахрибкорон ба кишварҳои ИДМ, ҳамчунин таҳияи тарзҳои мубориза бо ҳолатҳои барангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ дар назар аст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар доираҳои ҳукуматӣ хабар дод, ки эҳтимол вохӯрии ҷудогонаи раиси КДАМ Тоҷикистон бо раҳбарияти Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон низ баргузор мешавад. Зимнан баррасии масоили ҳамкории хадамоти махсуси ду ҳамсоякишвар дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳо аз Афғонистон дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.