Мақомоти Русия гуруснанишинии маҳбусони тоҷикро дар зиндони Мордовия шарҳ дод

Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Ҷумҳурии Мордовия маълумоти расонаҳоро дар бораи гуруснанишинии маҳбусони тоҷик дар муасисаи 7-ум шарҳ дода, изҳор кардааст, ки он асоси воқеӣ надорад. Дар торнамои Раёсат иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 5-уми ноябр 16 нафар маҳбусон, ки дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешуданд, ҳангоми субҳона аз истеъмоли ғизо даст кашидаанд. […]

Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Ҷумҳурии Мордовия маълумоти расонаҳоро дар бораи гуруснанишинии маҳбусони тоҷик дар муасисаи 7-ум шарҳ дода, изҳор кардааст, ки он асоси воқеӣ надорад.

Дар торнамои Раёсат иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 5-уми ноябр 16 нафар маҳбусон, ки дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешуданд, ҳангоми субҳона аз истеъмоли ғизо даст кашидаанд.

“Ҳамаи ин маҳбусон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин (ғоратгарию роҳзанӣ, барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, тамаъҷӯӣ) адои ҷазо карда, реҷаи муқарраршудаи маҳбасро риоя намекунанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

“Амали онҳо намоишкоронаву таҳдидӣ буда, аз сабаби норозигӣ ба иҷрои талаботи қонунии маъмурияти муассиса сурат пазируфтааст”, – қайд мешавад дар торнамои Раёсат.

Гуфта мешавад, рӯзи 6-уми ноябр маҳбусон ба гуруснанишинӣ хотима бахшида, ғизо истеъмол кардаанд. Дар бораи шаҳрванди кадом кишварҳо будани онҳо маълумот дода намешавад.

Қаблан торнамои расонаи мустақили “Ахбор” бо истинод ба пайвандони маҳкумшудагон хабар дод, ки ҳудуди 70 маҳбуси тоҷики маҳбаси низомаш шадиди рақами 7-ум дар ҷумҳурии Мордовияи Русия аз 1 ноябр бо талаби беҳтар кардани шароити маҳбас ва қатъи азобу шиканҷаашон гуруснанишинӣ эълон кардаанд.

Тавре ҳамсуҳбатони расона нақл кардаанд, баъди ба роҳбарии ин маҳбас таъйин шудани Сергушкин аҳволи маҳбусон хеле бад шуд ва онҳоро багуноҳу бегуноҳ пайваста ба ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО) меандозанд.

Тавре Радио Свобода (Озодӣ) менависад, маҳбусонеро, ки бе ин ҳам дар шароити хеле душвор адои ҷазо мекунанд, бо ҳар баҳонае ба ҳуҷраи ҷаримавӣ равона мекардаанд. Нозирон онҳоро таҳқир мекардаанд. Ҳолате будааст, ки касе ҳамаи ҷойнамозҳои онҳоро ҷамъ карда, ба ҳоҷатхона партофта буд ва ин ба эътирозҳо оварда расонд.

Моҳи июни соли 2019 низ дар муассисаи ислоҳии №7 эътирози маҳкумшудагон доир гардида, наздики 60 нафар ба худ осеби ҷисмонӣ расонида, гуруснанишинӣ эълон карданд.

“Метавонанд ба дастонат завлона зада, ба он бо дастчӯб зарбаҳо зананд. Метавонанд дастонатро аз пушт завлона зада, якчанд нафар лату кӯб кунанд. Асосан ба гурдаҳо ва пошнаҳои пой зарба мезананд”, – ҳикоят карда буд ба нашрияи “Новая газета” яке аз маҳкумшудагон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.