Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай вохӯрд

Имрӯз, 7-уми ноябр дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати ҶТ ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Вай афзуд, ки барои […]

Имрӯз, 7-уми ноябр дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати ҶТ ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Вай афзуд, ки барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

“Хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст. Имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунанд. Ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст”, – гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Дар мулоқот сарвари давлат қайд кардааст: “Ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон, роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қатъиян дар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ба роҳ монда шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ талаб кардааст, ки “дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд”.

“Дар кишвар беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд”, – омадааст дар хабари торнамои Президенти ҶТ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.