Даъвати RSF аз роҳбарони Аврупо: масоили озодии сухан бо Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шавад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз роҳбарони кишварҳои Аврупо даъват ба амал овардааст, ки зимни баргузории Форуми сулҳи Порис муносибатҳо бо Тоҷикистонро бо назардошти эҳтиром ба озодии матбуот баррасӣ кунанд. Дар ин бора торнамои созмон хабар медиҳад.

“Тасмими Макрон оид ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон имкони хуберо барои масъалагузории озодии иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон фароҳам меорад, ки он мунтазам нодида гирифта мешавад, ҳарчанд риояи онро конститутсияи кишвар ва санадҳои байнулмилалӣ кафолат медиҳанд. Тоҷикистон ба рӯзноманигорони мустақил фишор меорад ва беш аз 20 нафари онҳо ба хориҷи кишвар фирор кардаанд”, – омадааст дар маълумот.

Таъкид шудааст, ки сарфи назар аз манфиатҳои иқтисодию тиҷоратии ҳамкории байни Фаронса ва Тоҷикистон, “бояд миёни шарикон гуфтугӯйи ошкоро дар бораи озодии матбуот сурат пазирад”.

Тибқи маълумоти “Гузоришгарони бидуни марз”, аз соли 2015 мавқеи Тоҷикистон дар Феҳристи ҷаҳонии озодии матбуот 45 зина поин рафтааст, ки сабаби ин сензураи оммавии интернет аст.

“Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва худсарона дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотӣ, ба мисли “Азия-Плюс”-ро қатъ мекунад. Ин нашрияи мустақили иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Хадамот аст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба Интернетро зери инҳисори худ гирифта, аз соли 2018 онро барои маҳдудсозии дастрасӣ ба захираҳои онлайнӣ, бо шумули сомонаҳои иттилоотии “Фарғона” ва “Ахбор”, мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, ҳатто баъзан Google истифода мекунад.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамчунин аз қазияи Хайрулло Мирсаидов ва фишор болои ВАО-и байнулмилалӣ, аз ҷумла, мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Радиои Озодӣ ёдовар шудааст.

Дар “Феҳристи ҷаҳонии озодии матбуот” барои соли 2019 байни 180 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 161-умро ишғол мекунад.

Айни замон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Фаронса қарор дорад. Сафари ӯ ба кишварҳои Аврупо то 12-уми ноябр идома меёбад.

Аз 19-уми августи соли равон ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.tj ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Ҳоло ба сомонаи иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав – asiaplustj.info метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (ба забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (ба забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳо дар саҳифаи фейсбукии мо https://www.facebook.com/newstj, Дзен-канал – https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграм – https://www.instagram.com/asiaplustj/ низ қобили дарёфт аст.

Бо суроғаҳои зерини почтаи электронӣ бо дар тамос буда метавонед:

* Идора – [email protected]

* Радио – [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ – [email protected]

* Обуна ба иттилоот – [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ – [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...