Омодагии шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ба сармо

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” роҳбари муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” Фаррух Бӯризода итминон дод, ки кори муассиса доимо бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон тасҳеҳ мешавад.

“Мо ба сардиҳое, ки обуҳавошиносон рӯзҳои наздик пешгӯӣ карданд, омодаем ва итминон медиҳам, ки шабакаҳои гармидиҳии Душанбе мунтазам фаъолият хоҳанд кард”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, корхона пешакӣ барои гузаронидани мавсими гармидиҳӣ ҳамаи чизҳои заруриро захира кардааст.

“Хадамоти таъмиру садамавӣ шабонарӯзӣ кор карда, бо қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сӯзишворӣ, техника ва дигар лавозимот таъминанд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи қитъаҳои ноҳиявӣ барои гармидиҳии муътадил, пешгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳо, аз ҳисоби мутахассисон бригадаҳои зудамал ташкил карда шудааст”, – қайд кард Бӯризода.

Таъкид шуд, ки дар робита ба оғози мавсими гармидиҳӣ, дар муассиса хадамоти садамавӣ-диспетчерӣ шабонарӯзӣ фаъолият дошта, бо рақамҳои 231-75-01 ва 93 300 15 24 дастрас аст.

Бӯризода хотиррасон кард, ки мувофиқи қонун, моликони манзилҳо бояд шабакаҳои дохили манзилро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, ба гармидиҳӣ тариқи шабакаи ягонаи манзил монеъа эҷод накунанд.

Дар мавсими зимистони имсола аз аввали моҳи ноябр ба 1749 хонаҳои истиқоматии шаҳр, 50 беморхона ва дигар иншооти тандурустӣ, зиёда аз 70 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 246 ташкилоту корхонаҳо гармӣ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ кард, ки аз 20-уми ноябр дар ҷумҳурӣ аз сабаби вуруди антисиклони арктикӣ якуякбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво ва сардӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...