Ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба фарҳанги антиқии миллати тоҷик

Дар шаҳри Порис рӯзи 19 ноябр форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бо сарпарастии ЮНЕСКО ба кори худ оғоз кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ҷумҳурӣ, дар радифи намояндагони 140 кишвари ҷаҳон вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби Комисияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон низ дар кори форум […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Порис рӯзи 19 ноябр форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бо сарпарастии ЮНЕСКО ба кори худ оғоз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ҷумҳурӣ, дар радифи намояндагони 140 кишвари ҷаҳон вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби Комисияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон низ дар кори форум ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, форум бо сухани ифтитоҳии Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ҳусни оғоз пазируфт.

“Дар кори форум дурнамои фаъолият то соли 2030, инчунин, ҳамзистии фарҳанги маънавӣ дар шароити ҳозираи тамаддун, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқлим, ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ мегардад”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг.

Зикр мешавад, ки дар форум вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи вазирони фарҳанги кишварҳои дунёро ба фарҳанги антиқии миллати тоҷик ҷалб намуда, оид ба сиёсати дарҳои кушоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.

Вазирони фарҳанги дигар кишварҳои дунё низ оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳа суханронӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.