Даъвати шаҳдории пойтахт ба барафрохтани парчам дар биноҳои истиқоматӣ

Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро ба барафрохтани он дар биноҳои истиқоматӣ даъват мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, шаҳрдорӣ ҳамчунин ба ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон дастур додааст, ки дар рӯзи ҷашн намои (фасад)-и биноҳои худро идона зебу оро диҳанд. Бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро ба барафрохтани он дар биноҳои истиқоматӣ даъват мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, шаҳрдорӣ ҳамчунин ба ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон дастур додааст, ки дар рӯзи ҷашн намои (фасад)-и биноҳои худро идона зебу оро диҳанд.

Бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, дар ин рӯз ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо парчамҳои Тоҷикистон идона зинат дода шуда, дар шаҳр консерту сайругашти оммавӣ ва чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола санаи 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана расман соли 2009 бо фармони Президент тасдиқ шуд. Ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Соли 2016 ба қонун “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” тағйирот ворид шуда, мувофиқи онҳо шаҳрвандони кишвар ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ба барафрохтани онҳо дар биноҳои истиқооматӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Қонуни соли 2007 қабулшудаи Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” ба барафрохтани парчами кишвар танҳо дар биноҳои мақомоти давлатӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангу истироҳат ҳуқуқ медод.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳ бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.