Оғози кори сафирони нави Баҳрайн, Таиланд ва Нигер дар Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 19 ноябр маросими ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супурдани нусхаи эътимодномаҳои сафирони навтаъйини Подшоҳии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Абдулқодир, Подшоҳии Таиланд Русс Ҷаличандра ва Ҷумҳурии Нигер Салоу Адама Газибо баргузор шуд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат бо сафирони навтаъйин ҳолати кунунӣ ва […]

Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 19 ноябр маросими ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супурдани нусхаи эътимодномаҳои сафирони навтаъйини Подшоҳии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Абдулқодир, Подшоҳии Таиланд Русс Ҷаличандра ва Ҷумҳурии Нигер Салоу Адама Газибо баргузор шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбат бо сафирони навтаъйин ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Гуфта мешавад, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафирони нав дар фаъолияти дипломатияшон дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ба аввали моҳи ноябр Душанбе бо 175 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.