Вокуниши СҲШ ба ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон баъди ду ҳафта

Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамлаи ҷангиёни созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон шаби 5 ба 6 ноябр қотеъона маҳкум карданд. Баъди ду ҳафта пас аз ҳуҷум СҲШ амалҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба ин амал комилан дастгирӣ кард. “Ин ҳодиса зарурати амалҳои пайваста ва мунтазамро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамлаи ҷангиёни созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон шаби 5 ба 6 ноябр қотеъона маҳкум карданд.

Баъди ду ҳафта пас аз ҳуҷум СҲШ амалҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба ин амал комилан дастгирӣ кард.

“Ин ҳодиса зарурати амалҳои пайваста ва мунтазамро дар доираи Созмон оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои терроризм ва ифротгароӣ тасдиқ мекунад”, – гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи 19 ноябр нашршуда дар сомонаи Созмон.

Ба иттилои КДАМ Тоҷикистон, шаби 6-уми ноябр гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Тибқи маълумоти расмии сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 15 нафар ҷангиён кушта, 5 нафар захмӣ ва асир гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ин задухӯрди мусаллаҳона 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд. Намояндагони КДАМ таъкид дошта буданд, ки онҳо ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” буда, аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон врид шудаанд.

СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти Созмон пазируфта шуданд.

Давлатҳои Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон кишварҳои нозири созмон ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики Созмон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.