Ҷудо шудани қитъаи замин ба ширкати “Фароз” барои сохтмони терминал дар ноҳияи Рӯдакӣ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ба ширкати “Фароз”, ки моҳи сентябр аз ихтиёрӣ барҳамдиҳиаш хабар дода буд, барои сохтмони терминал ба самти роҳҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав қитъаҳои замин ҷудо шудааст.

Мувофиқи қарори қабулшудаи ҳукумати кишвар аз 1-уми ноябри соли 2019, майдони қитъаҳои замини ҷудошуда 3 гектарро ташкил медиҳад. Қарори мазкур дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Бо қарори ҳукумат аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ майдони умумии 3 гектар замини корами обӣ гирифта шуда, барои истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодаи замин ба ҶСП "Фароз" барои сохтмони терминал дода мешавад.

Ширкати “Фароз” барои ҷуброни талафҳои баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бояд андаке бештар аз 384 сомонӣ (39,5 ҳазор доллар) маблағ пардохт кунад.

“Фароз” хомӯш аст

Ҳукумат ба ширкате замин ҷудо кардааст, ки нимаи моҳи сентябр дар бораи ихтиёрӣ барҳамдиҳиаш хабар дода буд. Он замон ширкат дар изҳороти худ оид ба тоб наовардани рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ, фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дод.

Ба дархости хаттии “Азия-Плюс” дар бораи чӣ гуна терминал сохтан, бо кадом мақсад ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба кӣ тааллуқ доштани он ва ба сурати умум барҳамдиҳии корхона, дар ҶСП “Фароз” посухи дақиқ надоданд.

Пас аз изҳорот дар бораи ихтиёран барҳамдиҳӣ, ширкат рӯзи 17-уми сентябр дар торнамои худ рӯйхати амволи ба фурӯш гузоштаашро дар доираи барҳамдиҳӣ нашр кард.

Мувофиқи рӯйхат, “Фароз” 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагонро мефурӯшад. Ҳамчунин “Фароз” 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири мошинҳо, 3 корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хиштро низ ба фурӯш гузоштааст.

Терминал барои таксиҳо

Шояд дар ин қитъаҳои замин барои таксиҳо, ки ба самти шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав мусофиркашонӣ мекунанд, терминал сохта шавад.

Айни замон барои таксиҳо ба ин самт терминал вуҷуд надорад. Таксиҳо мусофиронро дар маҳаллаи “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе савор мекунанд. Сокинон доимо аз он шикоят доранд, ки ронандагон мошинҳояшонро худсарона дар байни роҳ гузошта, мусофир ҷамъ мекунанд ва ин дар навбати худ ба ҳодисаҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин ҷо боис мешавад.

Терминалҳо дар Суғд

Мувофиқи қарори ҳукумат аз 30-юми август, ба ширкати хусусии “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ 4,99 гектар қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

Ширкат дар шаҳрҳои Панҷакенту Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ бояд терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ бунёд кунад.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, шурӯъ аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад. Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе воқеъ аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...