НФС ва гаражу корхонаҳо: Нашри иншооти ба фурӯш гузоштаи “Фароз”

ҶСП “Фароз” дар сомонаи расмии худ дар доираи барҳамдиҳии ширкат рӯйхати иншооти ба фурӯш гузоштаашро нашр кард. Мувофиқи рӯйхат, “Фароз” 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагонро мефурӯшад. Ҳамчунин “Фароз” 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири […]

ҶСП “Фароз” дар сомонаи расмии худ дар доираи барҳамдиҳии ширкат рӯйхати иншооти ба фурӯш гузоштаашро нашр кард.

Мувофиқи рӯйхат, “Фароз” 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагонро мефурӯшад.

Ҳамчунин “Фароз” 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири мошинҳо, 3 корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хиштро низ ба фурӯш гузоштааст.

Дар рӯйхати иншоот ҳамчунин бинои маъмурӣ дар Душанбе, 4 автогараж дар ҷумҳурӣ ва наздики 60 адад автомашинаҳои сабукрав ва боркаш дарҷ ёфтааст.

Охири ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод. Чанде қабл ширкат дар изҳороти худ оид ба тоб наовардани рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ, фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо хабар дод.

“Ҷамъият барои бунёд ва навсозии як қатор иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ саҳм гузошт. Бинобар сабаби зиёд гардидани хароҷоти таъминот, нигаҳдошт, хизматрасонӣ ва таъмини фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки маблағгузории доимӣ ва зиёдро талаб мекунад, ба Ҷамъият зарари молӣ расонида шуда, имконияти таъмини минбаъдаи онҳоро мушкил гардонидааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.