Ширкати “Фароз” дар шимоли Тоҷикистон терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ месозад

Ба ширкати хусусии “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Мувофиқи қарорҳои 30-юми август аз ҷониби ҳукумати кишвар қабулшуда, масоҳати умумии қитъаҳои замини ҷудошуда наздики 14 гектарро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, бо қарори ҳукумат аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Суярқул Нишонови шаҳри Панҷакент майдони […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ширкати хусусии “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

Мувофиқи қарорҳои 30-юми август аз ҷониби ҳукумати кишвар қабулшуда, масоҳати умумии қитъаҳои замини ҷудошуда наздики 14 гектарро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, бо қарори ҳукумат аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Суярқул Нишонови шаҳри Панҷакент майдони умумии 4,99 гектар (4,65 гектар корами обӣ) гирифта шуда, барои истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодаи замин ба ҶСП "Фароз" барои сохтмони терминали байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дода мешавад.

Дар шаҳри Исфара низ ба ширкат барои бунёди чунин иншоот 4 гектар қитъаи замин ҷудо мешавад. Ин қитъаи заминҳо аз хоҷагии деҳқонии “Собирова Рано” ва кооперативи тиҷоратии ба номи Фахриддин Нуриддинов (3,53 гектар корами обӣ) гирифта мешаванд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ барои сохтмони терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилии "Фотеҳобод" ба ширкати “Фароз” 5 гектар қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии “Абӯмуслим” дода мешаванд.

Ширкати “Фароз” барои ҷуброни талафҳои баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бояд 2,1 млн. сомонӣ (215 ҳазор доллар) маблағ пардохт намояд.

Ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз онҳо қитъаи заминашон гирифта мешавад, қитъаҳои ба онҳо баробар дода мешавад.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.

Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе воқеъ аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.