“Толибон” қаттолтарин гурӯҳи террористӣ дониста шуд

Соли 2018 ҳаракати “Толибон” (созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) қаттолтарин гурӯҳи даҳшатафкан дар ҷаҳон эътироф шуд. Дар ин бора дар гузориши Global Terrorism Index 2019, ки онро пажӯҳишгоҳи Institute for Economics and Peace нашр кард, маълумот дода мешавад. Дар ин хусус хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад. Соли гузашта 6,1 ҳазор нафар аз дасти толибон кушта шудаанд, […]

Asia-Plus

Соли 2018 ҳаракати “Толибон” (созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) қаттолтарин гурӯҳи даҳшатафкан дар ҷаҳон эътироф шуд. Дар ин бора дар гузориши Global Terrorism Index 2019, ки онро пажӯҳишгоҳи Institute for Economics and Peace нашр кард, маълумот дода мешавад. Дар ин хусус хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.

Соли гузашта 6,1 ҳазор нафар аз дасти толибон кушта шудаанд, ки 70% зиёдтар аз соли пешин аст. Созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) дар куштори 1,3 ҳазор кас даст доштааст, ки чандин маротиба нисбат ба соли пешин камтар аст.

Шумори амалҳои содиршуда аз ҷониби ҷангиёни ДОИШ низ кам шудааст. Муаллифони гузориш онро ба амалиёти муваффақона зидди ин гурӯҳ рабт медиҳанд, ки дар Ироқу Сурия торумор карда шуд.

Соли 2018 дар маҷмӯъ 15,9 ҳазор нафар қурбони терроризм шудаанд, ки шумори ҳалокшудагон нисбат ба соли пешин тақрибан 15% камтар мебошад.

Аммо дар Афғонистон, ки айни замон кишвари дорои сатҳи баландтарини фаъолнокии террористӣ аст, қурбониён баръакс зиёд шудаанд. Соли 2018 шумори онҳо 7,3 ҳазор нафар (тақрибан 60% бештар нисбат ба соли пешин)-ро ташкил додааст.

Қаблан намояндагони СММ қайд карда буданд, ки соли 2018 шумори қурбониён байни аҳолии осоиштаи Афғонистон рекордӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, гунаҳкорон асосан нерӯҳои зидди ҳукумат шуморида мешуданд. Тақрибан дар чоряки ҳолатҳо одамон бо айби нерӯҳои ҷонибдори ҳукумат – сохторҳои қудратии Афғонистон ва низомиёни хориҷӣ ҳалок шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати дифои Афғонистон, соли 2018 дар ин кишвар беш аз 50 ҳазор нафар ҷангиён фаъолият доштаанд, ки 21 созмони террористиро намояндагӣ мекарданд. Аксари онҳо ҷонибдорони “Толибон” ва гурӯҳи наздик ба он – “Шабакаи Ҳаққонӣ” мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.