Таваҷҷуҳи раисҷумҳур ба таъмини гармию сӯзишворӣ дар зимистон

Asia-Plus

Маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ имрӯз, 27-уми ноябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар он сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ бо гармӣ ва маводи сӯзишворӣ дар мавсими сармо ҷалб кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни маҷлис ҳамчунин гузориши директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода дар бораи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2020 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки чунин лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ сеюмин барномаи бисёрсолаи мақомоти омори давлатӣ маҳсуб шуда, ба таҳкими низоми омори миллӣ, таъмини муқоисапазирии иттилооти омори расмӣ дар сатҳи байнулмилалӣ, таъмини фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор, пайгирии нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, беҳтар кардани ташаккули омори байниидоравӣ, таъсиси шабакаи ягонаи ҷамъоварии иттилооти омории ҷавобгӯйи стандартҳои миллӣ ва байнулмилалӣ равона мешавад.

Раисҷумҳур ба Агентии омор ва масъулини дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босамари Стратегияи миллии рушди омор супоришҳо дод.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла, “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ипотека”, ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ”-ро муҳокима шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардиданд.

Ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ барои солҳои 2020-2030, дар бораи Қоидаҳои ташкили хизматрасонӣ ба мусофирони хатсайрҳои байнулмилалӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳо ба аъзои Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...