Ҳабси тоҷикистониён дар Маскав барои даъват ба терроризм

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба даъвати “амалисозии фаъолияти террористӣ бо истифода аз интернет” ба муҳлати ду моҳ дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ҳабс карданд. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи 22-юми ноябр додгоҳи ноҳияи Таганскийи шаҳри Маскав чунин қарор баровардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон Нозим Азимов ва Ӯктамҷон Раҷабматов то 20-уми январи соли 2020 дар ҳабс қарор хоҳанд […]

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба даъвати “амалисозии фаъолияти террористӣ бо истифода аз интернет” ба муҳлати ду моҳ дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ҳабс карданд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи 22-юми ноябр додгоҳи ноҳияи Таганскийи шаҳри Маскав чунин қарор баровардааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Нозим Азимов ва Ӯктамҷон Раҷабматов то 20-уми январи соли 2020 дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.

Нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 205.2 КҶ Русия (Даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти террористӣ, сафедкунӣ (ҷонибдорӣ)-и терроризм ё таблиғи терроризм бо истифода аз шабакаи интернет) айбнома пешниҳод шудааст. Парванда дар истеҳсолоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав қарор дорад.

Агар чанд сол пеш муҳоҷирон аз Тоҷикистон асосан барои ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зиндонӣ мешуданд, шурӯъ аз соли 2013 дар расонаҳои Русия хабарҳо оид ба ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳомоти ҳаросафканӣ ё ифротгароӣ нашр мешаванд.

Тавре хабаргузории “Фарғона” иттилоъ медиҳад, ба аввали соли 2019 беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии қаламрави Русия қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.