Бузургтарин масҷиди Душанбе зимни ташрифи амири Қатар боз мешавад

Овозаҳо дар бораи роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва аз ин сабаб ба дарозо кашидани муҳлати ифтитоҳи он асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огоҳ аз ин масъала изҳори назар кард. Ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз комиссияи иборат аз мутахассисони Тоҷикистону Қатар ба […]

Овозаҳо дар бораи роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва аз ин сабаб ба дарозо кашидани муҳлати ифтитоҳи он асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огоҳ аз ин масъала изҳори назар кард.

Ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз комиссияи иборат аз мутахассисони Тоҷикистону Қатар ба корҳои сохтмонии иҷрошуда дар он эродҳои ҷиддӣ надоранд.

“Амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ки барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад, – изҳор дошт манбаъ. – Айни замон тариқи воситаҳои дипломатӣ санаи дақиқи сафари амир ба Душанбе муайян карда мешавад”.

Қаблан зикр шуда буд, ки масҷид дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар як вақт дар ин масҷид қариб 100 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст. 

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.