Раиси вилояти Хатлон аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо нигарон аст

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Қурбон Ҳакимзода аз болоравии шумори қатъи никоҳ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, аз занони фаъол даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Раиси вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми ноябр зимни суханронӣ дар Анҷумани занони сарвар дар шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон ташвишовар шудааст.

“Дар як муддати кутоҳ, яъне 10-моҳи соли равон дар вилоят 2 ҳазору 191 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумор дар 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо шудаанд”, – гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Вай афзуд, ки бо сабаби ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 142 кӯдак аз муҳаббати умумии волидон маҳрум шудаанд. Аз ин оилаҳои ҷудошуда 2 ҳазору 63 нафар кӯдакон дар тарбияи модарон ва 79 нафарашон дар тарбияи падарон мондаанд.

“Бубинед, дар ин ҷо низ ҳамаи мушкилот болои модарон аст. Ин занон, ки ба хонаи волидайнашон бармегарданд, зиндагии бисёр вазнин доранд”, – изҳор дошт Ҳакимзода.

Ба қавли раиси вилояти Хатлон, чунин раванди ташвишовари ҷудошавии оилаҳо ҳатто дар солҳои душворе, ки Тоҷикистон аз сар гузаронд, набуд. Имрӯз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон аз оилаҳои носолим маншаъ мегирад.

“Ман ба фаъолзанони вилояти Хатлон муроҷиат карда, хоҳиш мекунам, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошед. Байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бубаред, бо зану шавҳарони ҷавон суҳбат кунед, то оилаҳо пош нахӯранд”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...