Даъвати Раҳмон аз кишварҳои узви СААД ба муттаҳидӣ дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар минтақаи масъулияти […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар минтақаи масъулияти Созмон афзун гардидааст.

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи ба амаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мешавад.

“Соли оянда 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва мо барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчуби СААД тамоми тадбирҳоро меандешем”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар хабари хадамоти матбуот қайд мешавад, ки дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи масоили самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, муҳокимаи самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ, инчунин вазъи нигаронкунандаи Афғонистон табодули назар сурат пазируфт.

Сарони давлатҳо беш аз 15 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъиро доир ба ҳамгироии минбаъда имзо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.