Раиси вилояти Хатлон аз афзоиши ҷудошавии оилаҳо нигарон аст

Қурбон Ҳакимзода аз болоравии шумори қатъи никоҳ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, аз занони фаъол даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд. Раиси вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми ноябр зимни суханронӣ дар Анҷумани занони сарвар дар шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон ташвишовар шудааст. “Дар як муддати кутоҳ, яъне 10-моҳи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Қурбон Ҳакимзода аз болоравии шумори қатъи никоҳ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, аз занони фаъол даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошанд.

Раиси вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми ноябр зимни суханронӣ дар Анҷумани занони сарвар дар шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон ташвишовар шудааст.

“Дар як муддати кутоҳ, яъне 10-моҳи соли равон дар вилоят 2 ҳазору 191 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат зиёд аст. Аз ин шумор дар 1 ҳазору 704 ҳолат бо ҳалномаи суд, дар 480 ҳолат бо аризаи ҳамсароне, ки аз зиндагии якҷо соҳиби фарзанд нашудаанд ва дар 10 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон оилаҳо аз ҳам ҷудо шудаанд”, – гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Вай афзуд, ки бо сабаби ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 142 кӯдак аз муҳаббати умумии волидон маҳрум шудаанд. Аз ин оилаҳои ҷудошуда 2 ҳазору 63 нафар кӯдакон дар тарбияи модарон ва 79 нафарашон дар тарбияи падарон мондаанд.

“Бубинед, дар ин ҷо низ ҳамаи мушкилот болои модарон аст. Ин занон, ки ба хонаи волидайнашон бармегарданд, зиндагии бисёр вазнин доранд”, – изҳор дошт Ҳакимзода.

Ба қавли раиси вилояти Хатлон, чунин раванди ташвишовари ҷудошавии оилаҳо ҳатто дар солҳои душворе, ки Тоҷикистон аз сар гузаронд, набуд. Имрӯз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон аз оилаҳои носолим маншаъ мегирад.

“Ман ба фаъолзанони вилояти Хатлон муроҷиат карда, хоҳиш мекунам, ки дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо саҳмгузор бошед. Байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бубаред, бо зану шавҳарони ҷавон суҳбат кунед, то оилаҳо пош нахӯранд”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.