Зарари шаҳрвандони аз сафари ҳаҷ бозмондаро кӣ ҷуброн мекунад?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ҷараёни рейдҳои мақомоти дахлдор ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе даҳҳо нафар зоирон, ки раводиди Ҳаҷҷи умраи Арабистони Саудиро доштанд, тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “FlyDubai” парвоз карда натавонистанд.

Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумтаи ҶТ тасдиқ карда, гуфтанд, ки зоирони мазкур на тавассути ширкатҳои расмии “Расул Сохтмон” ва “Ормон”, балки бо истифода аз миёнаравҳо нияти сафари Ҳаҷҷи умра доштанд.

Бино ба иттилои сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим, чанд нафар аз ҳисоби хоҳишмандон гурӯҳ ҷамъ намуда, бе таъсиси ширкати муайян ва бе пардохти ҳеҷ гуна андоз ба фаъолияти сафарбаркунӣ оғоз кардаанд, ки ин амал мухолифи қонунгузорӣ ва тартиби муайяншуда мебошад.

– Аз сабаби фаъолияти ғайриқонунии ҳамон нафарон ва боздошт шудани онҳо, зоирон бе роҳбалад монданд ва шояд сабаби иҷозат надодани парвоз низ дар ҳамин бошад. Зоирон ба ин афрод аз он сабаб муроҷиат кардаанд, ки онҳо бо нархи арзонтар хизматрасонӣ мекунанд, – гуфт Афшин Муқим.

Намояндаи Кумитаи дин шумораи дақиқи зоирони аз сафар бозмондаро намедонад. Ба қавли ӯ, зоироне, ки ба Ҳаҷ рафта натавонистанд, тариқи телефони боварӣ ба Кумита барои дарёфти кумак муроҷиат карданд ва нигаронанд, ҷуброни зарари онҳоро кӣ мепардозад?

– Ин зоирон барои кумак тариқи телефони боварии мо – 988206666 муроҷиат карда, гуфтанд: “Мо фиреб хӯрдем”. Кумитаи дин то ҳадди имкон ба онҳо ёрӣ мерасонад. Зоирон бо кумаки мақомоти дахлдор маблағҳои худро баргардонда, сипас тавассути ширкатҳои расмӣ метавонанд ба Ҳаҷҷи умра бираванд. Чунки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ду ширкати расмӣ – “Расул Сохтмон” ва “Ормон” ҳуқуқи сафарбаркунии шаҳрвандонро ба Ҳаҷҷи умра доранд. Арзиши хизматрасонии онҳо ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ барои як нафар буда, роҳбаладӣ, меҳмонхона, роҳкиро ва ғизоро дар бар мегирад, – изҳор дошт Афшин Муқим.

Қазияро ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев ба Asia-Plus чунин шарҳ дод: “Ширкатҳое, ки бо Кумитаи дин шартнома надоранд, ҳуқуқи ба Ҳаҷҷи умра бурдани шаҳрвандонро надоранд ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақомоти дахлдор бояд хулосаи худро дар бораи айбдор будани шахсоне пешниҳод намоянд, ки бо гуноҳи онҳо зоирон аз сафари Ҳаҷҷи умра боздошта шуданд. Ин баҳс дар суд ҳал карда мешавад. Гунаҳкорон аз ҷониби суд уҳдадор мешаванд, ки зарари моддӣ ва маънавии шаҳрвандонро ҷуброн кунанд”.

Вай афзуд, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра” аз 30.12.2015 ширкатҳои сайёҳӣ барои бурдани шаҳрвандон ба Ҳаҷҷи умра бо Кумитаи дин шартнома мебанданд. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафари Ҳаҷҷи умраро доранд, тибқи тартиби муқарраршуда дар давоми сол ба ширкатҳои сайёҳии ватание, ки шартномаи тарафайн бо Кумитаи дин доранд, муроҷиат менамоянд.

Ширкати “Расул Сохтмон” соли 2008 таъсис ёфта, ҳамзамон бо фаъолият дар бозори сохтмон, дар бахши сайёҳат ба хориҷ аз Тоҷикистон низ кор мекунад. Он аз соли 2009, инак 10 сол боз аз сӯйи Кумитаи дин ба унвони ширкати масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи умра интихоб шудааст. Ба ҷуз ин, дар соли 2018 ширкати “Ормон” ташкил гардид, ки барои бурдани зоирон ба Ҳаҷҷи умра мусоидат мекунад. То ҳол ҳамин 2 ширкат ҳуқуқи сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ҳаҷҷи умра доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...