Суғд: 3 кӯдаки хурдсол аз дуди сӯхтор нафасгардон шудаю фавтиданд

Субҳи барвақти 27-уми ноябр дар манзили сокини 32-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар кӯчаи Ором сӯхтор ба амал омад. Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба Asia-Plus хабар доданд, дар натиҷа се кӯдак – ду духтару як писари 3, 4 ва 6-сола ҳалок шуданд. “Бар асари сӯхтор Шукрулло Ортиқови 6-сола, Инобат Ортиқоваи 4-сола […]

Субҳи барвақти 27-уми ноябр дар манзили сокини 32-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар кӯчаи Ором сӯхтор ба амал омад.

Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба Asia-Plus хабар доданд, дар натиҷа се кӯдак – ду духтару як писари 3, 4 ва 6-сола ҳалок шуданд.

“Бар асари сӯхтор Шукрулло Ортиқови 6-сола, Инобат Ортиқоваи 4-сола ва Бонуҷон Ортиқоваи 3-сола фавтиданд”, – хабар дод манбаъ.

Вай афзуд, ки худи Нозир Ортиқов дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ бистарӣ аст.

Гуфта мешавад, ду нафар аз кӯдакон бародарону хоҳарон буда, як духтар хеши онҳо будааст. Дар ин хона якчанд оилаи Ортиқовҳо зиндагӣ дошта, Инобати 4-сола духтари бародари Нозир Ортиқов аст.

Тибқи маълумоти оташнишонон, сӯхтор бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар хона сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, алангаи оташ як ҳуҷраи масоҳаташ 24 метри мураббаъро, ки дар он кӯдакон хоб будаанд, фаро гирифтааст.

“Оташнишонон сӯхторро дар зарфи ним соат хомӯш карда, дигар ҳуҷраҳо ва амволро ба маблағи тақрибан 200 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ эмин доштанд. Зиёни расида аз сӯхтор ҳудуди 7300 сомонӣ аст”, – хабар доданд аз хадамоти оташнишонӣ.

Ба гуфтаи ҳамсояҳои ҷабрдидагон, ҳамсарон Ортиқовҳо солҳои тӯлонӣ мунтазири ба дунё омадани фарзанд буданд ва пас аз 9 соли ҳаёти оилавӣ нахустписари онҳо – Шукрулло таваллуд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.