Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 28-уми ноябр ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Бишкек ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд Эмомалӣ Раҳмонро  сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф баррасӣ шуд.

Аз сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус, миёни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ин вохӯрӣ баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарони кишварҳои минтақа ҳамчунин атрофи масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҷамъбастӣ қабул мешавад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои мунтазами машваратии сарони давлатҳои минтақа аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2017 дар ҷараёни иҷлоси 72-юми Маҷмааи Умумии СММ пешниҳод шуд. Вохӯрии аввал моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Нур-Султон доир гардид.

Дар вохӯрии Тошканд сарони кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Қазоқистонро раисҷумҳури аввалини ин кишвар Нурсултон Назарбоев намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...