БҶ: Суръати афзоиши ММД Тоҷикистон бо сабаби иқтисоди заифи Русия суст мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар ду соли наздик пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 5,5-5,0% дар солҳои 2020-2021 суст мешавад, ки афзоиши бештар заифро дар иқтисоди Русия ва коҳиши нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ашёи хомро таҷассум месозад.

Муаллифони гузоиш бар ин назаранд, ки дар дурнамои миёнамуҳлат интиқоли пул суст боқӣ монда, фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар бо саноати кӯҳкорӣ, истеҳсолот ва сохтмон дастгирӣ мешавад.

Ҳамчунин ба ақидаи иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ба афзоиш мусоидат мекунанд.

“Лекин агар ҳукумат барои фаъолсозии рушди бахши хусусӣ ва пурра барқарор кардани устувории молиявӣ ислоҳоти зарурӣ нагузаронад, хавфҳои поинравӣ низ вуҷуд доранд”, – қайд мекунанд онҳо.

Дар гузориш зикр мегардад, ки афзоиши фишор бо сабаби хароҷоти иловагии давлатӣ дурнамои молиявиро душвор мекунад.

«Ба замми лоиҳаҳои бузурги ҷории зербиноӣ, ки ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд, силсилаи интихобии кишвар начандон зиёд болоравии музди меҳнатро дар бахши давлатӣ, маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва уҳдадории сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои бахшида ба 30-солагии истиқлолиятро дар соли 2021 пешбинӣ мекунад”, – тахмин мезананд муаллифони гузориш.

Соли 2018 суръати афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,3%-ро ташкил дод. Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳукумат афзоиши онро дар сатҳи 7,2% ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...