«Онҳо ба даъвати фаврӣ шитоб доштанд». Навори видеои садамаи мошини ёрии таъҷилӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мошини ёрии таъҷилии тиббии мансуб ба Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми декабр ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрд.

Замони садама табиб Пайрав Ишрапов ва ронанда Миралӣ Лоиқов дар дохили он буданд.

“Кормандони мо ба даъвати таъҷилӣ шитоб доштанд, лекин дар роҳ дучори садама шуданд. Мо дарҳол ба ҷойи ин ҳодиса ва даъвате, ки онҳо мерафтанд, ду автомашинаи дигари ёрии таъҷилӣ фиристодем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини сардухтури ин беморхона Раҳимҷон Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, ронандагон бояд донанд, ки “вақте мошини ёрии таъҷилӣ бо чароғаки фурӯзонаш ва бонги даъвати фаврӣ равон аст, ҳаёти касеро наҷот медиҳад”.

“Бар асари садама кормандони мо ҷароҳатҳои сабук бардошта, айни замон худро хуб ҳис мекунанд ва дар ҷойи коранд. Онҳо бистарӣ нашуданд, зеро ҷароҳатҳои ҷиддӣ надоштанд”, – қайд кард Раҳимов.

Тавре дар торнамои Oila хабар дода мешавад, рӯзи 1-уми декабр дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрда, чаппа шуд.

Одамоне, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, ба берун овардани ронанда ва табиб кумак карданд. Тавре дида мешавад, шахсони дар дохили Toyota Camry қарордошта осеби ҷиддӣ надидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...