Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои “Барқчӣ” – “Локомотив” бозии мавқуфгузоштаи даври 24-уми Чемпионати футболи Лигаи якуми Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6929 сомонӣ;

1 евро – 10.6622 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1508 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1997 – Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.

2010 — Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.

1908-1974 – Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.

1918 – Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

1948 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.

1950 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.

1964 – Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии мубориза зидди аз байн бурдани ғуломдорӣ ҷашн гирифта мешавад. Он ба санаи аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудани Конвенсия дар бораи мубоиза бо хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагӣ аз тарафи шахсони сеюм марбут аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 15+20 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 12+17° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -10 хунук, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...