Дар Хатлон беш аз 2 тонна дорувории муҳлаташ гузаштаро сӯзониданд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 2,1 тона доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификати мутобиқатро нобуд кард.

Аз маркази матбуоти сарраёсати мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин миқдор мавод дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар сӯзонида шуд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали соли равон 971 номгӯйи чунин доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона дар ҳаҷми 9 тоннаю 386 кг ба маблағи қариб 530 ҳазор сомонӣ маҳв карда шудааст.

“Аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда 622 номгӯй тариқи аризаҳои муроҷиатии муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ барои безарар кардан ба сарраёсат супорида шудаанд. Ҳамчунин 260 номгӯй зимни санҷишҳои мутахассисони саррраёсат аз муомилот гирифта шуданд”, – афзуд манбаъ.

Зимнан тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони 155 парвандаи ҳуқуқвайрокунӣ дар нисбати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, оғоз гардида, онҳо ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...