Касри буҷети давлатии Тоҷикистонро бо қарзу грантҳо рӯйпӯш карданиянд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 70%-и каср (камбуд)-и буҷети давлатиро аз ҳисоби ҷалби қарзҳои дохиливу беруна, ҳамчунин грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рӯйпӯш карданист.

Бо ин мақсад ҳукумат ҷалби қарз ва грантҳоро аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 150 млн. сомонӣ дар нақша дорад.

Боз 100 млн. сомонии дигар барои рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадди ниҳоии касри буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 0,4%-и ММД – наздики 350 млн. сомонӣ (36 млн. доллар) муқаррар шудааст.

Ҳамчунин барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ҷалби маблағҳо аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– даромад аз хусусигардонӣ, иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ ва фоида аз саҳмияҳои давлатӣ – 25 млн. сомонӣ;

– воситаҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 – 34 млн. сомонӣ;

– сарфаи маблағ аз тендерҳои хариди давлатии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ – 30,5 млн. сомонӣ;

– барзиёд иҷро кардани нақшаи даромадҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ – 9,9 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми умумии даромадҳо дар буҷети давлатии соли 2020 ба маблағи беш аз 26 млрд. ва хароҷот – 26,4 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...