Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи “Хилтон” маросими рӯнамои гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Баланд шудани хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон” доир мегардад. Оғоз соати 09:30.

– Дар Маркази забони форсии Теҳрон маросими муаррифии китоби раисҷумҳури Тоҷикистон “Забони миллат – ҳастии миллат” ба забони форсӣ дар тарҷумаи Ҳасан Қарибӣ баргузор мешавад. Дар ин маводи мо доир ба навиштани китоб дар бораи сарвари давлат аз ҷониби тарбиятгирандаи мактаб-интернат шинос шуда метавонед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6934 сомонӣ;

1 евро – 10.7374 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2001 – Президент Э.Раҳмонов бо як гурӯҳи рӯзноманигорони русиягӣ мулоқот ороста, тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи муштараки иттилоотии Русияву Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2009 – Тоҷикистон Эъломияи Картахени соли 2009 «Уҳдадории ҳамраъйӣ оид ба ҷаҳони бидуни мина»-ро ба имзо расонид.

2018 – Бонки осиёии рушд хабар дод, ки се соли наздик ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 340 млн. доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

1887-1957 – Зодрӯзи шоир, яке аз асосгузорони назми муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли 1922 аз Эрон ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда буд.

1947 – Мавлуди собиқ нахуствазири Тоҷикистон Яҳё Азимов.

1955 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Гулсара Қодирова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо 9+11 гарм, рӯзона 17+22° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 15+20° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, (дар мавзеи Булункул 35-37° хунук), рӯзона 6-11° хунук, (дар мавзеи Булункул 16-18° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6 хунук, рӯзона 8+13° гарм мешавад..

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 19+21° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...