Тавсияи муносибати эҳтиёткорона ба бонкҳо зимни қарздиҳӣ ба корхонаҳои давлатӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки ҳиссаи зиёди қарзҳои додаи бонкҳо дар Тоҷикистон ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд, ки сиёсати молиявии бомасъулият надоранд.

“Бахши корхонаҳои давлатӣ самаранокии амалиётӣ ва сиёсати молиявии бомасъулият надоранд ва ҳиссаи зиёди ин бахш дар қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо каме ташвишовар аст”, – изҳор дошт сариқтисодчии намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе Гоар Гулюмян рӯзи 4-уми декабр дар маросими рӯнамои гузориш таҳти унвони “Афзоиши хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон”.

Вай афзуд, ки 24%-и ҳамаи қарзҳо тӯли 8 моҳи соли равон ба корхонаҳои давлатӣ дода шудааст. “Сохтори қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо ба андеша водор мекунад”, – гуфт ӯ.

Гоар Гулюмян таъкид дошт, ки дар ин давра ҳаҷми қарздиҳӣ 7% афзуда, ҳаҷми қарзҳои бознагашта аз 52%-и соли 2017 то 27% поин рафт. “Беҳбудиро мушоҳида мекунем, лекин ин (қарзҳои бознагашта) ҳоло ҳам сатҳи баланд аст”, – иброз дошт иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бақияи қарзҳо 6,9% ё худ ба маблағи 597 млн. сомонӣ афзуд.

Дар сохтори қарзҳо 24% ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, айни замон ин корхонаҳо дар ҳаҷми беш аз 2,2 млрд. сомонӣ қарзҳоро аз худ карда истодаанд.

Ба ҳиссаи шахсони хусусӣ 23,5%, соҳибкорон – 19,9%-и қарзҳо рост омада, боз 3,1% қарзҳо бо мафҳуми “дигарон” зикр шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...