Ҷаримаи сокини пойтахт барои қочоқи телефонҳои мобилӣ аз Дубай

Date:

Сокини 29-солаи шаҳри Душанбе Дилмурод Асадов, ки ба ҳайси фурӯшандаи телефонҳои мобилӣ дар Фурӯшгоҳи марказӣ кор мекунад, бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ҷарима шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ӯ барои ғайриқонунӣ интиқол додани 26 адад телефонҳои мобилии навъҳои гуногун аз Дубай 21 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Тавре дар суд қайд карданд, ҳамаи телефонҳои бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон воридшуда ба нафъи давлат мусодира шуданд.

Дилмурод Асадов моҳи октябри соли 2019 телефонҳоро бе анҷом додани расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷҳои дахлдор аз Дубай ба Душанбе овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...