Аз соли нав ҳаҷми боҷу ҷарима дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки охири моҳи ноябр аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид, зикр шудааст, ки аз 1-уми январи соли 2020 маблағи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан як манбаи “Азия-Плюс” дар сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон итминон дода буд, ки “ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2020 низ чун соли ҷорӣ 55 сомонӣ боқӣ хоҳад монд”.

Зимни баррасии лоиҳаи буҷети давлатӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон вакилони мардумӣ ва намояндагони ҳукумат дар бораи болоравии ҳаҷми боҷу ҷаримаҳо дар соли оянда ҳарфе нагуфта буданд.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008 мафҳуми “ҳадди ақалли музди меҳнат”-ро иваз карда, барои ҳисоби андоз, ҷарима, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулӣ истифода мешавад. Он ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум муқаррар мегардад.

Соли 2019 дар кишвар ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо 10% афзуд. Ин аз сабаби афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 50 то 55 сомонӣ сурат пазируфт.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 40 сомонӣ, аз 1-уми январи соли 2017 дар ҳаҷми 50 сомонӣ ва аз 1-уми январи соли 2019 дар ҳаҷми 55 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...