Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Дар Эрон ҷаласаи комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Эрон идома меёбад.

– Дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши спектакли “Тарма” доир мегардад. Спектаклро аз рӯйи асари нависандаи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу коргардони ӯзбек Олимҷон Салимов ба саҳна гузоштааст. Оғоз соати 18:00.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Машқи спектакл

– Дар Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ KWU ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар он варзишгарон Суҳроб Назаров (вазни то 70 кг), Кароматзода Файзулло (то 75 кг), Кароматов Сироҷиддин (то 80 кг), Мирзохонзода Умедҷони Шермад (то 85 кг) ва Олимов Сайдаҳмад (то 90 кг) намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7400 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз рӯи се самти ҳамкорӣ созишнома ба имзо расид.

2018 — Дар Санкт-Петербарг нишасти сарони кишварҳои узви СААД ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ доир гардид. Охири моҳи ноябр дар Тошканд нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2018 — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 25-уми Шӯрои ВКХ САҲА дар Милан аз кишварҳои аъзои Созмон даъват кард, ки аз роҳандозии сиёсати  меъёрҳои дугуна худдорӣ варзанд.

1925 – Зодрӯзи устоди рақс Ҳоҷиумар Қосимов.

1930 – Мавлуди ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Бобохон Иномов.

1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи сурудҳои мардумӣ Ризвоншо Игмолшоев.

1940 – Мавлуди директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (солҳои 1987-1988) Соҳибназар Ғоибназаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —   Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35° хунук, рӯзона 5-10° хунук, (дар мавзеи Булункул 17-19 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6+11 гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...