Куштори хушдоман дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ

Як марди 23-сола дар Исфара ҳамсарашро маҷруҳ карда, хушдомани худро куштааст. Ин сокини ҷамоати деҳоти шаҳраки Исфара ба ШВКД-1 бо аризаи худиқрорӣ ҳозир шудааст. Тибқи иттилои ВКД, ин мард рӯзи 4-уми декабр аз сабаби муноқиша дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола) ба узвҳои бадани ӯ бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ва ба узвҳои бадани завҷаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як марди 23-сола дар Исфара ҳамсарашро маҷруҳ карда, хушдомани худро куштааст.

Ин сокини ҷамоати деҳоти шаҳраки Исфара ба ШВКД-1 бо аризаи худиқрорӣ ҳозир шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард рӯзи 4-уми декабр аз сабаби муноқиша дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола) ба узвҳои бадани ӯ бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ва ба узвҳои бадани завҷаи худ (23 -сола) низ 4 маротиба задааст. Дар натиҷа хушдоманаш ба ҳалокат расида, ҳамсараш бо ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бистарии бемористон шудааст.   

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.