Ҳалокати писари 3-сола зери чархи мошин дар роҳи Восеъ – Темурмалик

Date:

Кӯдаки сесола, сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ рӯзи 8-уми декабр зери чархи мошин ҳалок шуд.

ВКД хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар роҳи мошингарди Восеъ – Темурмалик рух дод.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ширинбек Ғафурови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Усмон Хушвахтови 3-соларо пахш кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа писараки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни замон ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...