Се соли оянда БОР ба Тоҷикистон тақрибан $400 млн. маблағ медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) кумаки молиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 400 млн. доллар давоми солҳои 2020-2022 ба нақша гирифтааст. “Ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор дар ихтиёр доштани маблағҳои БОР ва омодагии лоиҳаҳо, инчунин шарикӣ ва маблағгузории имконпазир аз ҷониби дигар созмонҳои мададрасони бисёрҷониба ва дуҷониба вобаста аст”, – хабар медиҳад намояндагии доимии БОР […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) кумаки молиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 400 млн. доллар давоми солҳои 2020-2022 ба нақша гирифтааст.

“Ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор дар ихтиёр доштани маблағҳои БОР ва омодагии лоиҳаҳо, инчунин шарикӣ ва маблағгузории имконпазир аз ҷониби дигар созмонҳои мададрасони бисёрҷониба ва дуҷониба вобаста аст”, – хабар медиҳад намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Нақшаи индикативии сармоягузорӣ аз лоиҳаҳои инкишофи малакаҳои корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика, беҳбуди зербинои шаҳрӣ, кори нақлиёт, дастгирии рушди бахши молиявӣ, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ ва дигар бахшҳо иборат мебошад.

Ғайр аз ин, БОР имкони сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар тиҷорати кишоварзӣ, бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳо низ баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин БОР дастгирии рушди бахши сайёҳӣ, таъмиру навсозии долонҳои муҳими нақлиётӣ, рушди зербинои шаҳрӣ, баланд бардоштан устуворӣ нисбат ба офатҳои табиӣ ва ислоҳоти фазои сармоягузориро дар нақша дорад.

Айни замон Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси кумаки бебозгашт ёрии молиявӣ дастрас мекунад.

Лекин мақоми кишвар ҳамасола бозбинӣ мешавад ва вобаста ба устувории қарзи берунаи ҷумҳурӣ, он метавонад тағйир ёбад.

Ҳаҷми сандуқи ҷории БОР дар Тоҷикистон қариб 780 млн. долларро ташкил медиҳад. Он аз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, бахши кишоварзӣ, тнадурустӣ, маориф ва рушди шаҳр иборат аст. Соли 2019 БОР баҳри дастгирии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон грант тасдиқ кард.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Соли 2018 уҳдадориҳои умумии БОР оид ба қарзу грантҳо 21,6 млрд. долларро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.