Таваҷҷуҳи Рустами Эмомалӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (мавзеи маҷмааи “Наврӯзгоҳ”) ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла, 1363 бех […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи нақша-чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (мавзеи маҷмааи “Наврӯзгоҳ”) ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла, 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонда шуданд.

“Дарахту буттаҳои аз хориҷи кишвар воридшуда ба иқлими шаҳри Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбат мегузоранд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинондан ва парвариши минбаъдаи онҳо дастур додааст.

Зикр мешавад, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ наздики 400 бех дарахти шоҳбулут (дуб) шинонда шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорат қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.