Ҳалокати писари 3-сола зери чархи мошин дар роҳи Восеъ – Темурмалик

Кӯдаки сесола, сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ рӯзи 8-уми декабр зери чархи мошин ҳалок шуд. ВКД хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар роҳи мошингарди Восеъ – Темурмалик рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ширинбек Ғафурови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Усмон Хушвахтови 3-соларо […]

Asia-Plus

Кӯдаки сесола, сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ рӯзи 8-уми декабр зери чархи мошин ҳалок шуд.

ВКД хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар роҳи мошингарди Восеъ – Темурмалик рух дод.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ширинбек Ғафурови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Усмон Хушвахтови 3-соларо пахш кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа писараки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни замон ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.