Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор нафар расман бекоранд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли алоҳӣ дар вилояти Хатлон аз аввали соли равон 30 ҳазору 722 нафар бекоронро ба қайд гирифтааст. 

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори ин раёсат Қобилҷон Файзализода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар 11 моҳи сипаришуда ба шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36 ҳазору 395 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 30 ҳазору 722 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3307 нафар бештар аст.

“Аз шумори умумии ашхоси муроҷиаткарда 22 ҳазору 26 нафари онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд”, – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, аз ҷамъи бекорони дар қайди ин мақомот буда ба 3065 нафар кумакпулӣ ба маблағи умумии 1,7 миллион сомонӣ пардохт шудааст. Ҳамчунин ба 884 нафар ашхоси бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, ба маблағи 3 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шудааст.

“Мо ба он нафароне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, аз ҷумла, шахсони маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, нафарони аз маҳбасҳо озодшуда ва сарбозони аз сафи артиши миллӣ ҷавобшуда таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Барои ин гурӯҳи муроҷиаткардагон имтиёз (квота) пешбинӣ шуда, аз аввали сол 1 ҳазору 304 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд”, – гуфт Файзализода.

Вай афзуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ҳангоми гузарондани 285 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 3 ҳазору 391 нафар сокинони бекор бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ  таъмин шуданд. Дар баробари ин 2 ҳазору 509 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

“Дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, мо ҳамчунин шаҳрвандони бекорро ба омӯзиши ихтисосҳои гуногун фаро мегирем. Дар назди раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо Марказҳои омӯзишии калонсолон фаъолият мекунанд. Дар 11 моҳи гузашта 6 ҳазору 330 нафар хоҳишмандон ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат фиристода шуданд”, – афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...