Ҷасади марди 41-соларо аз Кӯли ҷавонон берун оварданд

Сокини 41-солаи шаҳри Душанбе, ки баъд аз муноқишаи оилавӣ бедарак шуд, даст ба худкушӣ задааст. Ҷасади ӯро 8-уми декабр наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Кӯли ҷавонон берун оварда, барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супориданд. Тибқи иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, марҳум соҳиби 2 фарзанди ноболиғ ва ду маълумоти олии тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокини 41-солаи шаҳри Душанбе, ки баъд аз муноқишаи оилавӣ бедарак шуд, даст ба худкушӣ задааст. Ҷасади ӯро 8-уми декабр наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Кӯли ҷавонон берун оварда, барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супориданд.

Тибқи иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, марҳум соҳиби 2 фарзанди ноболиғ ва ду маълумоти олии тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст.

Хабар дода мешавад, ки ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳоло рӯшан нест ва мақомоти салоҳиятдор ба тафтишу муайян кардани сабабҳои он пардохтаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса торнамои “Ахбор” иттилоъ додааст, ки ҷасади ин мардро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз об берун оварданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар пойҳои мард санг баста, сипас ғарқаш кардаанд. Гӯё ин мард дар прокуратураи ҳарбӣ кор мекард, чанд вақт боз беномунишон шуда буд ва мақомот ҷустуҷӯяш доштанд.

Ба “Азия-Плюс” дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, инчунин Прокуратураи шаҳри Душанбе маълумоти корманди ҳифзи ҳуқуқ будани марди фавтидаро тасдиқ накарданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.