Хотираи қавӣ: Меҳринисо 4000 калима дар як дақиқа мехонад

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Шукрона аз шаҳри Хуҷанд пойтахтҳои беш аз 200 кишвари ҷаҳонро номбар карда, ҳайати доварони озмуни “Хотираи қавию зудхонӣ”-ро дар ҳайрат гузошт. Боз як иштирокдори озмун – Меҳринисо дар як дақиқа 4 ҳазор калима хонд.

Шукронаи 10-сола мегӯяд, ки дар муддати ду рӯз номҳои пойтахти беш аз 200 давлатро аз бар кардааст.

Хонандаи синфи 11 Меҳринисо Ҳошимова низ дар ин озмун ширкат варзида, миёни наврасон дар зудхонӣ рекорд гузошт. Ӯ давоми як дақиқа 4000 калима мутолиа кард.

Озмун дар ду давр гузаронида шуда, кӯдакони аз 7 то 13-сола дар бахши аввал ва иштирокдорони аз 14-сола боло дар даври дуюм ширкат варзиданд. Он ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Маркази зеҳнии “Заковат” дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир гардид.

Ба гуфтаи роҳбари ин марказ Ҳусейн Зайтметов, толибилмон усули махсуси мутолиаи китобро аз худ кардаанд, ки он барои зуд хондан ва дар ёд гирифтан мусоидат мекунад. “Дар асоси машқҳои пайваста бо истифода аз ин усули хониш метавон “хотираи фотографӣ”-ро инкишоф дода, ба ин натиҷаҳо ноил шуд. Яъне инсон метавонад ҳама гуна матнро баробари дидани он дар зеҳни худ акс бардорад ва сипас пеши назар оварда, нақл кунад”, – шарҳ дод ӯ.

Озмуни “Хотираи қавию зудхонӣ” фарогири бахшҳои “Аз худ кардани пойтахти кишварҳо”, “Ба хотир гирифтани калима ва шумораҳои дурақама”, “Аз худ кардани калимаҳои хориҷӣ”, “Аз ёд кардани ғазал”, “Мутолиаи адабиёти бадеӣ ва махсус” буд.

Яке аз доварон Нуралӣ Нуров гуфт: “Хонандагон хеле фаъол буданд ва дар муддати 10 дақиқа тавонистанд, рақамҳо ва шеърҳои аз ҷониби мо пешниҳодшударо натанҳо ба забони тоҷикӣ, балки ба забони русӣ аз бар карда, бехато қироат бикунанд. Масалан, Мӯсо Эшматов дар давоми ин вақт шеъри русиро аз ёд кардаву бурро хонд”.

Дар ин озмун беш аз 100 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...